Табиати нотакрори Тоҷикистон дар филмҳои ҳиндӣ тарғиб хоҳад шуд

Июнь 5, 2018 11:50

ДУШАНБЕ, 05.06.2018. /АМИТ “Ховар”/. Роҳбари “Гурӯҳи Енарр” Шҳям Рамакришна Синҳания омодагии худро ҷиҳати ҷалби филмсозони Ҳинд барои филмбардорӣ дар табиати нотакрору зебои  Тоҷикистон иброз дошт.

Имрӯз муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо роҳбарияти ширкати “Гурӯҳи Енарр” (Enarr group) аз Ҳиндустон мулоқот анҷом дод. Ширкати мазкур дар соҳаҳои мухталиф сармоягузорӣ намуда, дорои фондҳои гуногун дар бахшҳои тарғибот, саноат ва кишоварзӣ мебошад. Зимни мулоқот Ш.Амонзода ба меҳмонон оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, мавзеъҳои сайёҳӣ ва маконҳои таърихӣ маълумот пешниҳод намуд.

Роҳбари “Гурӯҳи Енарр” Шҳям Рамакришна Синҳания оид ба самтҳои фаъолияти ширкати худ маълумот дода, аз тамошои ролики видеоие, ки дар он мавзеъҳои сайёҳии кишвар намоиш дода шуданд, ба ваҷд омада, омодагии худро ҷиҳати ҷалби синамогарони Ҳинд баҳри филмбардорӣ дар чунин табиати нотакрору зебо иброз дошт.

Шҳям Рамакришна Синҳания ҳамзамон ҳавасмандии хешро ҷиҳати сарпарастии муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баён намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки дар Тоҷикистон маконҳои назаррабо вобаста ба фаслҳои сол ҷиҳати наворгирӣ ва васфи табиати нотакрор хеле зиёд буда, дар Тоҷикистон ҳама фаслҳои сол мушоҳида мегарданд. Шурӯъ аз кӯҳу қуллаҳои барфпӯшу симини зимистона, дашту даман, саҳроҳои махмалини сабзу лолазори баҳорон, боғҳои пурмеваи шаҳдбори тобистон, тирамоҳи зарнисор, кӯлу дарёҳои равон бо обҳои ширин, чашмаҳои мусаффову ҳавзҳои табобатӣ, гулу гиёҳҳои табииву дармонбахш – ҳама беназиранд.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамзамон оид ба сайёҳии экологию табобатӣ маълумот дода, зикр кард, ки дар мавзеъҳои сайёҳии дорои табиати нотакрори Тоҷикистон, ба  мисли шаршараи Сари Хосор, мавзеи Чилдухтарон, Гармчашмаю Хоҷа оби гарм ва Ҳафткӯлу Искандаркӯл, маҷмааи Сафеддара ва дигар маконҳои ҷолиби Тоҷикистон имкони беҳтарини филмбардорӣ мавҷуд буда, доираи муштоқони табиати Тоҷикистонро фузун хоҳад кард.

Ширин Амонзода ба меҳмонон тамошои мавзеъҳои ҷолиби шаҳри Душанберо тавсия дода, зикр кард, ки нашрияи “Зе Индепендент” (The Independent) пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амнияти шабона эътироф намуда, Душанбе аз ҷониби агентии таҳлилии “ТурСтат” ба феҳрасти даҳгонаи ҷолибтарин шаҳрҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ ворид гардидааст.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории судмандро ҷиҳати муаррифии имконият, иқтидор ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намоянд.

 

Июнь 5, 2018 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ