Ҳунарманди мардумӣ усто Аъзам маҳсулоти офаридаашро мувофиқи сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистон нархгузорӣ менамояд

Июнь 6, 2018 10:40

ЛАХШ, 06.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аъзам Камолов солҳост бо ҳунари дастони хеш дар яке аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар хизмати сокинони ноҳияи Лахш қарор дорад ва маҳсули дастони усто Аъзамро шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон низ харидорӣ менамоянд. Ӯ мегӯяд, ки  касбҳои гаҳворасозию сандуқсозӣ ва дару тиреза  тайёр карданро аз падари худ омӯхтааст. Пас аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои ҳунармандони мардумӣ сабукиҳо дода шуданд.

Усто Аъзам бо дастгирии ҳукумати ноҳия коргоҳи худро аз Ҷамоати Пилдон ба маркази ноҳия гузаронида, имрӯзҳо ба 20 нафар шогирдон ҳунар меомӯзад.

Аъзам Камолов хеле устои моҳир буда, дар сохтани дару тиреза, сандуқҳои гуногун, ҷевон,  мизу курсӣ, гаҳвора ва дигар маҳсулоти аз чӯб омодашаванда маҳорати баланд дорад. Усто Аъзам иброз медорад, ки «ноҳияи Лахш диёри зебост ва имрӯзҳо аксари ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби шахсони хоксору матиниродаи ин водӣ  нигоҳбонӣ  ва аз насл ба насл гузаштаанд, аз нав  эҳё мегарданд. Ҳамчунин бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки  он ба раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ таъсири бузург расонид ва барои  баланд бардоштани ифтихори миллӣ, ҳисси ватандорӣ, инчунин арҷгузорӣ ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир дорад».

Усто Аъзам маҳсулоти тайёр кардаашро мувофиқи сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистон нархгузорӣ менамояд, ки ин чун кумаки моддӣ ба сокинони корафтодаи кӯҳистон мебошад. Сандуқу гаҳвора ва дигар маҳсулоти истеҳсолкардаи Аъзам Камоловро бештар барои гузаронидани тӯю маъракаҳо харид менамоянд.

Тибқи иттилои масъулини  ноҳияи Лахш,  имрӯзҳо дар  ҳудуди ноҳия фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолӣ оид ба қолинбофии дастӣ, ҷӯроббофӣ, пойафзолҳои хонагӣ, армуғону ҷузвдонҳо ва қолинчаҳо барои курсӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ- пашми чорвои шохдори майда хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Ҳунари гулдузӣ ва чакидадӯзӣ  низ дар ноҳия ривоҷ ёфта, қариб  ҳама  бонувон аз ин ҳунарҳо бохабаранд Дар байни мардуми ноҳияи Лахш намадбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, бофтани маҳсулоти пашмин, кешбофӣ, сабадбофӣ ва тоқидӯзӣ барин ҳунарҳо роиҷ мебошанд.

Ҳунармандони ноҳия маҳсули дастранҷи худро имрӯзҳо дар бозорҳои ҳудуди ноҳия ба фурӯш мебароранд.

Ҳамзамон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ дар маркази ноҳия ва берун аз он барои ҷалби бештари муштариён  ин гуна маҳсулот ба намоиш гузошта мешаванд.

Июнь 6, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ