«Ваҳдати миллӣ-омили рушди устувори сайёҳӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон суҳбати «мизи мудаввар» доир гардид

Июнь 25, 2018 18:26

ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комил дар кишвар дар натиҷаи талошҳои созанда ва пайгиронаи Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат торафт бештар мешавад. Бино ба  иттилои шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ,  симои  Тоҷикистон  ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ беш аз пеш устувор мегардад. Ин нукта зимни   мизи мудаввар таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-омили рушди устувори сайёҳӣ», ки имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллтӣ баргузор гардид, зикр шуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, донишҷўёни  бахши сайёҳии макотиби олии кишвар  ҳузур доштанд.

Ҳамоишро муовини якуми Раиси Кумита Ҳабибулло Амирбекзода оғоз намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё  гардад.

Зимни суханронии худ муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рамазон Давлатов зикр намуд, ки воқеан ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо низ ин аст, ки  бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияҳои пешрафта, ҳамчун наслҳои закиву донишманд, соҳибмаърифату соҳибмаълумот дар оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирем.

Зикр гардид, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, бо шарофати ҳамин сулҳу субот,   сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлат ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем.

Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокчиён доир ба таҳкими истиқлолияту ваҳдат, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Июнь 25, 2018 18:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ