Вакилони Парлумон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Июнь 25, 2018 12:33

ДУШАНБЕ,25.06.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Қ. Лоиқзода,  М. Бобобекова  ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ҷ. Маҷидзода таҳия шуда, бо тағйирот ба моддаҳои 125 (сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам) ва 129 (аз ҷониби корманди тиб номатлуб  иҷро гардидани вазифаи касбӣ) мафҳумҳо ба талаботи Кодекси тандурустӣ мутобиқ карда шуда, бо илова намудани аломатҳои таснифкунанда —  вируси норасоии масунияти одам ба банди г) қисми 2 моддаҳои 138 (таҷовуз ба номус) ва 139 (ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр карда шудааст.

Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич»-ро баррасӣ намуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор қабул намуданд.

 

 

 

 

Июнь 25, 2018 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид