Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба каратэ – кёкушинкай иштирок менамоянд

Июнь 14, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Аз  13 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон  Чемпионати  Осиё  оид ба каратэ – кёкушинкай баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   дирӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии  Аскарҷон Кароматов барои иштирок дар чемпионати Осиё озими Қазоқистон гардид. Дар ин  мусобиқа Тоҷикистонро 9 нафар варзишгар муаррифӣ менамоянд.

Ба иттилои манбаъ,  ҳайати варзишгарони тоҷик  аз Алӣ ибн Муҳаммад, Умедҷони Тоҷиддин, Аюбҷон Амонов, Роланд Глоклер, Фарангис Ҳоҷизода, Ҳусейн Сайфиддинзода, Билол Ниёзов, Фирӯз Кароматов ва Сироҷиддин Кароматов   иборат буда, онҳо дар вазнҳои 35, 40, 45, 55, 65, 70 қувваозмоӣ мекунанд.

Июнь 14, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид