370 ҳазор сайёҳ аз ҷойҳои таърихиву сайёҳии вилояти Суғд боздид намудаанд
ХУҶАНД, 20.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷумҳурӣ беш аз 520 ҳазор нафар сайёҳон боздид намудаанд. 370 ҳазор нафари онҳо аз табиати нотакрор ва ҷойҳои таърихии вилояти Суғд дидан карда, таассуроти баланд бардоштанд. Дар вилоят баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули сайёҳон, ҳамзамон шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ фаъолияти 24 ширкати сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст. Муҳайё намудани шароити мусоид имкон дод, ки дар вилоят сайёҳӣ рушд ёбад.
Ин нукта дирӯз зимни баргузории ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ба мавзӯи «Аҳамияти ташаббуси Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши таҷрибаи вилояти Суғд» бахшида шуда буд, зикр гашт.
Ҷаласаи сайёр дар Маркази таълимию истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир гардид. Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар ҷаласа аз ҷониби иштирокдорон таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои манзараҳои зиёди мафтункунандаи табиӣ, чашмаҳои шифобахшу кӯҳҳои осмонбус буда, дар ин замина яке аз минтақаҳое, ки дар ин самт имконият ва таҷрибаи бой дорад, вилояти Суғд мебошад.
Ин таҷриба бояд аз ҷониби дигар минтақаҳо низ омӯхта шуда, ҳамзамон ҳамоишҳои тарғиботӣ, чун фестивали «Марҳабо, ба Суғди бостон» ва Форуми байналмилалии сайёҳӣ ки дар шаҳри Исфара доир гардид, дар дигар манотиқ баргузор карда шаванд.
Ҳамзамон дар самти муаррифӣ ва шинохти фарҳангу асолати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори манзараҳои зебову мафтункунандаи мамлакат бо вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сифат ва маданияти хизматрасонӣ мутобиқ ба талаботи меъёрӣ низ бояд бештар заҳмат кашид.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






