Ҳайати раёсати аудити миллии Чин аз Парлумони Тоҷикистон боздид намуд

Июль 2, 2018 14:50

ДУШАНБЕ, 02.07. 2018/АМИТ «Ховар»/. Дар  зарфи 25 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ густариш ёфта, сатҳу зинаҳои беҳтар касб  карданд. Матлаби мазкур дар мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо аудитори генералии раёсати аудити миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хю Зе Чун 2 июл дар Душанбе баён гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин матраҳ гардиданд. Зикр шуд, ки натиҷаи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанде пеш ба  Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт,  ба раванди муносиботи дуҷонибаи дӯстона, рушди ҳамкории қарордодиву ҳуқуқӣ ва шарикии стратегии кишварҳоямон такони тоза бахшид.

Таъкид шуд, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгириҳои беғаразонаи Ҳукумати Чинро дар заминаи тақвият ва рушди иқтисоди миллӣ қадр мекунанд, аз ин ҷост, ки миёни шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон Чин ҳамоно дар мақоми аввал қарор дорад ва дар заминаи ҷалби сармоягузории соҳаи саноат дар иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун сармоягузори бузург ҳисобида мешавад.

Зикр шуд, ки ҷараёни корҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби бештари ширкатҳои чинӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.

Дар мулоқот баён гардид, ки  дар 112 муассисаи олии таълимии Чин беш аз ду  ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд. Соли 2016 Чин барои барои донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон 298 бурсия ҷудо намуда буд. Инчунин дар Тоҷикистон се институти Конфутсий амал намуда, дар муассисаҳои олии таълимии  Тоҷикистон шуъбаҳои омӯзиши забони чинӣ ба роҳ монда шудаанд.

Мусоҳибон ҳамзамон изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро мегиранд.

Июль 2, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд