БОЗДИД АЗ «ҲАФТКЎЛИ МЎЪҶИЗАДОР». Дар Хуҷанд барои истироҳату фароғати сайёҳон тамоми шароит фароҳам аст

Июль 17, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 17.07.2018. /АМИТ Ховар»/. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 5 ширкати сайёҳии шаҳри Хуҷанд, ба монанди Ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон «Спутник», филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Олами саёҳат», «Суғдиён Помир — Тур», «Ҷаҳонгард» ва «Алп Сомон — тур» фаъолияти худро баҳри рушду нумӯъ ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ дучанд ба роҳ мондаанд.

Тавре аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ тадбирҳо андешида шуда, баҳри рушди туризми дохилӣ ва қабули меҳмонон хатсайрҳои дохилӣ ташкил карда шудаанд. Хатсайрҳои «Шоми Душанбе», «Искандаркўл», «Ҳафткўли мўъҷизадор» аз ҷумлаи инҳо мебошанд.

Баҳри истироҳати шаҳрвандон, меҳмонон ва сайёҳон дар шаҳри Хуҷанд Боғи фарҳангию фароғатии «Наврўзгоҳ», хиёбони Исмоили Сомонӣ бо силсилафаввораҳо, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол», Боғи истироҳатии ба номи Устод Рўдакӣ мавриди истифода қарор доранд.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона фаъолият менамоянд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгории таърихӣ, 3 ёдгории археологӣ, 25 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошанд.

Июль 17, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд