ДӮСТӢ САРҲАД НАДОРАД. Тақдими як зумра китобу адабиётҳои Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 21.07.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи сафари давлатии қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дирӯз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ҳамчун рамзи тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи китобу адабиётҳои гуногунро, ки тӯли солҳои истиқлолияти давлатии ин кишвари дӯст нашр гардидаанд, тақдим намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, китобҳои тақдимнамудаи Сафири Ӯзбекистон ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи қадимаю муосир, ёдгориҳои бостонии сарзамини Ӯзбекистон, забону адабиёт, фарҳанг, этнография ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақл мекунад ва бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидаанд.
Бояд зикр намуд, ки қаблан Сафири Ӯзбекистон ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адабиёту китобҳои гуногун тақдим намуда буд, ки яке аз онҳо китоби «Ҷомӣ ва Навоӣ» мебошад.
Ҳамзамон байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расида буд.












Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид






