ДУШАНБЕ ДАР РАҚАМҲО. Бардошт аз нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи гузашта ва вазифаҳо барои давраи минбаъда

Июль 27, 2018 13:08

ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аллакай хабар додем, имрӯз дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар оғози нишаст муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид ЗУВАЙДЗОДА оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда гузориш дод.

Тавре зикр гардид, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаш моҳи аввали соли 2018 дар самти таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ як қатор тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар шаҳр ба 5800,0 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба 6,5 фоиз ва ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 20,8 фоиз баробар гардид.

Дар ин давра рушди МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 113,2 фоиз, гардиши савдо 115,0 фоиз, мусофиркашонӣ 119,2 фоиз, боркашонӣ 105,3 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 100,5 фоиз таъмин гардидааст.

Дар шаҳр аз ҷониби 442 корхонаи саноатии фаъолиятдошта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 884,9 миллион сомонӣ баробар шуд, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 6,8 миллион сомонӣ ё 2,5 маротиба, саноати коркард 659,1 миллион сомонӣ ё 14,9 фоиз ва истеҳсоли неруи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 219,0 миллион сомонӣ ё 2,9 фоиз зиёд гардидааст.

Дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ 74,8 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9,0 фоиз ва 16,7 фоиз зиёд мебошад.

Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 1774,3 ҳазор доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар шаҳр 16 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 109 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Истеҳсоли неруи барқ дар ин давра ҳамагӣ 586,9 миллион кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,8 фоиз ё 131,3 миллион кВт соат зиёд мебошад.

Аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ба миқдори 1521,7 миллион кВт соат неруи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,0 миллион кВт соат кам мебошад.

Хароҷоти технологии (талафот) барқ дар давраи ҳисоботӣ 15,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ кам мебошад.

Маблағи умумии ҳисобишудаи неруи барқ дар нимсолаи аввали соли 2018 ба 287,2 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад 266,0 миллион сомониро ташкил дод, ки ба 92,6 фоизи нақша баробар мебошад.

Ҳаҷми истифоданамудаи энергияи барқи аҳолӣ 127,9 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, ҷамъоварии он 120,5 миллион сомонӣ ё 94,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019», дар шаҳри Душанбе барои қабули неруи гармӣ 1700 иншоот бо дарназардошти соли гузашта ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 1031,9 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 93 иншооти гуногун корҳои сохтмонию васлкунӣ идома дошта, 21 иншоот мавриди истифода, аз ҷумла сохтмон, таъмир ва азнавсозии 7 муассисаи таълимӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар 28 бино ва иншооти назди роҳи протоколӣ корҳои таъмирӣ идома дошта, дар 8 бино корҳои таъмирӣ пурра ба анҷом расонида шуд.

Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохтмони 9 муассисаи таълимӣ барои 8404 ҷой, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1040 ҷой, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 5804 ҷой ва аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ сохтмони 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4020 ҷой идома доранд.

Инчунин, сохтмони 3 муассисаи томактабӣ барои 690 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 11 адад муассисаи томактабӣ барои 1027 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон бо маром идома доранд.

Дар ин давра сохтмони 12 боғу гулгашт ва 92 майдончаҳои варзишӣ оғоз гардид. Аз тарафи масъулин дар 69 майдончаи варзишӣ ва дар 5 боғу гулгаштҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар иншооти боқимонда корҳо идома доранд.

Инчунин, тибқи қарорҳои алоҳидаи Раиси шаҳри Душанбе, аз ҷониби соҳибкорон дар 13 мавзеъ сохтмони майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, бунёди 3 майдонча анҷом ёфта, ба истифода супорида шуд.

Ҷиҳати ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 17 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 29,8 километр ва 3 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,9 километр корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти роҳсозӣ дар масофаи 9,8 километр бо масоҳати 134,4 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуданд.

Дар моҳҳои январ – июни соли 2018 бо ҳама намудҳои нақлиёт 4370,2 ҳазор тонна бор ва 134,3 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 5,3 фоиз ва 19,2 фоиз зиёд мебошад.

Миқдори нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар дар шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ 2907 адад, аз ҷумла автобусҳо — 455 адад ё 15,7 фоиз, троллейбусҳо — 105 адад ё 3,6 фоиз, микроавтобусҳои сектори коммуналӣ —  30 адад ё 1,0 фоиз ва микроавтобусҳои сектори хусусӣ —  2317  адад ё 79,7 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар маҷмӯъ шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 64 адад автобусҳои тамғаҳои гуногуни «ISUZU», 76 адад тамғаи «AKIA», 145 адад тамғаи «ЛИАЗ», 113 адад тамғаи «ПАЗ», 10 адад тамғаи «Икарус», 17 адад тамғаи «Кинг-лонг», 30 адад тамғаи «Газел» ва 105 адад троллейбус мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин давра бо дарназардошти ворид ва ба истифода додани автобусҳои тамғаҳои «ISUZU» ва «AKIA», инчунин вобаста кардани баъзе хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба корхонаҳои коммуналӣ ҳиссаи бахши коммуналӣ дар хизматрасонӣ ба мусофирон нисбат ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ (хусусӣ) зиёд гардидааст.

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 июли соли 2017, №419 «Дар бораи амалисозии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» шурӯъ аз якуми марти соли 2018 дар нақлиёти истифодаи умуми пойтахт низоми мазкур дар заминаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ ва ҷорӣ гардид.

Инчунин, шурӯъ аз 18 июни соли 2018 дар хатсайри автобуси №3 ва хатсайри троллейбуси №1 ҳамлу нақли мусофирон тариқи пардохти нақдӣ манъ гардида, пардохти ҳаққи роҳкиро танҳо тавассути кортҳо ба роҳ монда шуд.

Нақшаи контингенти умумии даромадҳо ба маблағи 1357,6 миллион сомонӣ ё 100,9 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 12,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 100,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 768,8 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 3,4 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе 91,8 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 969,0 миллион сомонӣ равона карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 151,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадории иҷтимоии давлат, барои дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр ва беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ин давра 6,3 миллион сомонӣ кумакпулиҳо равона гардидааст.

Яке аз самтҳои густурдаи фаъолияти мақомот ин бахши иҷтимоии шаҳр, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон ва кор дар самти корҳои идеологӣ ба ҳисоб меравад.

Сохторҳои бахши иҷтимоии шаҳри Душанбе давоми давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа якҷо бо сохторҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ ба роҳ монда, як зумра корҳоро ба анҷом расониданд.

Дар ин давраи фаъолият бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки аз 22 декабри соли 2017 бармеояд, ва бо мақсади тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12 майи соли ҷорӣ ироа гардид, дар маҷмӯъ 83 мулоқоту вохӯриҳои бевоситаи роҳбарият бо фарогирии зиёда аз 15 660 нафар кормандони соҳаҳои мухталиф ва фаъолони ноҳияҳо баргузор гардид.

Барои беҳтарнамоии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе се барномаи ҳаётан муҳим, дар соҳаи маориф аз ҷумла, Барномаи рушди маорифи шаҳри Душанбе, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо пешбинӣ гардидани маблағгузорӣ дар ҳаҷми 29 447 380 сомонӣ қабул гардиданд, ки аз ташаббусҳои беназир арзёбӣ мегардад.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон 149 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (46 нафар ҷойи якум, 44 нафар ҷойи дуюм ва 59 нафар ҷойи сеюм) гардиданд. Инчунин 20 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ бо ҷойҳои ифтихорӣ (6 нафар ҷойи якум, 8 нафар ҷойи дуюм ва 6 нафар ҷойи сеюм) сазовор гардиданд.

Бо мақсади беҳдошти саломатии ҷомеа аз ҷониби Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ва Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» 40 150 маротиба хизматрасонии тиббӣ ба сокинону меҳмонон расонида шуд.  Инчунин 43 840 нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шудаанд, ки аз ин теъдод 15 983 нафарашон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Дар ин давра дар таваллудхонаҳои шаҳрӣ 9479 кӯдак таваллуд гардида, ба занон хизматрасониҳои муносиб расонида шуд. Субҳи 26 майи соли 2018 соати 06:30 дақиқа тифли 9 миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи  №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омад.

Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба тасвиб расида, ба волидайни тифли 9 миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ бо тамоми ашёи рӯзғор таъмин карда шуданд.

Дар қаламрави пойтахт 2557 ҷашну маросим бо хароҷоти умумии 9 800 000 сомонӣ ба қайд гирифта шуда, бо дастгирии бевоситаи мақомот тӯйи арӯсиву домодии 9 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 142 кӯдакон аз оилаҳои камбизоат барпо гардид. Дар маҷмӯъ дар пойтахт 2746 маросими қайди ақди никоҳ номнавис шудааст.

Дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон 561-чорабинӣ бо фарогирии 129 ҳазору 820 нафар ва рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 375 чорабинӣ бо фарогирии 190 ҳазору 782 нафар гузаронида шуданд.

Варзишгарони пойтахт зимни иштирок дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби 968 медал гардиданд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мақомот 10 414 мактуб, аз ҷумла аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 адад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 462 адад, вазорату идораҳо 772 адад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 519 адад, муассисаву ташкилоти тобеи шаҳрӣ 5210 адад, ноҳияҳои шаҳр 2392 адад, хориҷи кишвар 116 адад, тавассути васоити ахбори омма ва шабакаи иҷтимоӣ «Viber» 560 адад ва барқияҳо 134 адад ворид шуд.

Аз ҷониби сокинони шаҳр дар маҷмӯъ 4433 муроҷиат, аз ҷумла 2648 муроҷиати хаттӣ, 266 муроҷиат ба воситаи сомонаи Раиси шаҳри Душанбе, 1012 муроҷиати шифоҳӣ тариқи телефони боварӣ ва 507 муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи мақомоти болоӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ ва иҷрои саривақтӣ қарор дода шудааст.

Июль 27, 2018 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад