«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд

Октябрь 19, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар доираи хатсайри сайёҳии «Сайри Меҳргон», ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии бренди миллӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ташкил гардид, иштирокчиён дар фазои идона бо таъриху суннатҳои ҷашни Меҳргон, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ ва меҳмондории тоҷикона аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Хатсайри сайёҳии «Сайри Меҳргон» бо ҷалби намояндагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, меҳмонони пойтахт, сайёҳони хориҷии ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар доираи хатсайр роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён доир ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти Ҷашни Меҳргон маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Иштирокчиён бо таъриху анъанаҳои таҷлили Ҷашни Меҳргон, рамзҳои фарҳангӣ ва мардумии он, дастовардҳои кишоварзон, ҳунарҳои дастии миллӣ, мусиқию рақсу сурудҳои суннатӣ, инчунин бо фарҳанги меҳмондории тоҷикон шинос шуданд. Онҳо ҳамзамон бо ҷараёни омодасозии таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, шинос гардида, дар баъзе озмуну намоишҳои ҷолиб иштирок намуданд.

Дар доираи таҷлили Ҷашни Меҳргон «Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ», «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди тарбузу харбуза ва каду», «Иди себ ва ангур», «Фестивали оши палов», инчунин «Намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» баргузор гардид.

Фазои ҷашнӣ бо мусиқию сурудҳои миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ рангу ҷило гирифт ва муҳити идонаи Меҳргонро боз ҳам зеботар намуд.

Ба иштирокчиёни хатсайр обҳои нушокӣ, шириниҳо ва хӯрокҳои миллӣ пешкаш гардиданд. Ҳамчунин барои онҳо имкони гирифтани аксҳои хотиравӣ дар заминаи гӯшаҳои рангоранги ҷашн ва бо рамзҳои Меҳргон фароҳам оварда шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ташкили хатсайри сайёҳӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи захираҳои таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили Ҷашни Меҳргон арзёбӣ гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки ҷашнҳои миллӣ, бахусус Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон метавонанд барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат, имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ хизмат намоянд.

 

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Октябрь 19, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд