ЭҲДО БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳри Роғун 4 коргоҳи ҳунармандӣ ва муассисаи таълимӣ бунёд мегарданд

Июль 16, 2018 13:34

РОҒУН, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун 13 нуқтаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ  ташкил гардид. Барои зебою дилрабо гардидани маркази шаҳр гӯшаю овезаҳои тарғиботӣ насб намуда, гулгашту майдончаҳои варзишӣ сохтанд. Ҳар рӯзи шанбе барои сокинони шаҳр ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас  ташкил мешаванд. Ин нуктаро раиси шаҳри Роғун Иброҳими Билол 14 июл зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Дар нишаст зикр гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар деҳаи Қандаки шаҳри Роғун муассисаи таълимӣ барои 520 хонанда ва аз ҳисоби соҳибкорону ҳунармандон майдончаҳои варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бинои ҳаммом ва сартарошхона дар маҳаллаи Майдони нав, ду майдончаи бозии кӯдакон дар маҳаллаи 25-солагии Истиқлолияти шаҳри Роғун бунёд шуда, роҳи маҳаллаи Истиқлол-Норакиён навсозӣ ва роҳи деҳаи Ҷавонӣ таъмири ҷорӣ мешаванд.

Зикр гардид, ки то таҷлили ин ҷашни муҳими давлатӣ дар шаҳр инчунин 4 коргоҳи истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили табақтарошӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагию бофандагӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Бояд гуфт, ки ду адади он дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат- Лахш ҷойгир мешаванд.

Июль 16, 2018 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд