«ҶИЛВАИ ЧАКАН» ДАР ДУШАНБЕ. Имрӯз дар Боғи устод Айнӣ намоиши фарҳангию сайёҳӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе намоиши фарҳангию сайёҳии «Ҷилваи чакан» баргузор гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Маърифат САЙФУЛЛОЗОДА аз ҷараёни ин намоиш гузориш медиҳад.
Ба намоиш бештар аз 80 нафар ҳунарманд аз тамоми минтақаҳои мамлакат ҷалб гардида, ҳунари дастии худ, аз ҷумла, чакандӯзиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Намоиши мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи намоиши фарҳангию сайёҳии «Ҷилваи чакан» раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Нуъмон Абдуғаффорзода аз имтиёзҳову имкониятҳои дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ фароҳамовардаи роҳбарияти мамлакат ёдовар шуда, гуфт: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои аз лиҳози иқтисодӣ сердаромад дар ҷаҳон ба шумор рафта, рушди он дар кишвари мо, ки имкониятҳои бузург дорад, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гаштани сатҳи некуаҳволии мардум таъсири мусбат мерасонад».
Яке аз иштирокдорони намоишгоҳи мазкур Сулаймон Шарипов, ки ба чакандӯзӣ машғул аст ва аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон барои ба намоиш гузоштани ҳунари дасти худ омадааст, дар суҳбат бо мо гуфт: «Ман тӯли чанд сол аст, ки ба чакандӯзӣ машғул ҳастам ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ин ҳунарро каме ҳам бошад, рушд диҳам. Ҳоло барои рушди ин ҳунар дар ноҳияамон корхонаи хурде таъсис дода, бо шогирдонам ба чакандӯзӣ машғул мебошем. Имрӯз имкониятҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон барои рушди ин ҳунар фароҳам оварда шудаанд, қобили эътироф мебошанд. Мо кӯшиш мекунем дар ҷавоб ба дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза фаъолият намуда, тамоми ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, чаканлдӯзиро рушд диҳем».
Ҳадаф аз баргузории намоиши мазкур муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки 2 июл дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид ва он дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» ва толори Истгоҳи роҳи оҳани Тоҷикистон то 2 августи соли равон идома меёбад. Дар он ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ маҳсули меҳнати хешро ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд.
Маърифат САЙФУЛЛОЗОДА,
АМИТ «Ховар»




















Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






