Иштирокдорони Фестивали «Марҳабо ба Суғди бостон»: баҳри таҳкими дӯстӣ чунин ҳамоишҳо бояд доимӣ бошанд

Июль 3, 2018 17:28

ХУҶАНД, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 28 июн то 2 июли соли 2018  дар вилояти Суғд бори аввал Фестивали фарҳангиву сайёҳии «Марҳабо ба Суғди бостон» баргузор гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ба  фестивал, ки чор рӯз идома ёфт,  беш аз 80 нафар ҷавонони фаъол аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд. Фестивали мазкур 28 июн аз шаҳри Душанбе оғоз ёфта, 2 июл дар маркази Суғд ба анҷом расид.

Тибқи нақшаи фестивал, иштирокчиён тайи ин рӯзҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд, аз ҷумла, 28 июн аз мавзеъҳои таърихии ноҳияи Айнӣ, сипас, нисфирӯзии он рӯз ва 29 июн дар шаҳри Панҷакент аз маҷмааи фарҳанги фароғатии ба номи Лоик Шералӣ, мамнуъгоҳи Саразм, муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳурияви таърихиву кишваршиносии ба номи Абу Абдуллои Рӯдакӣ», мамнунгоҳ- шаҳристони Панҷакенти қадим ва оромгоҳи Рӯдакӣ, воқеъ дар деҳаи Панҷрӯд  дидан намуданд.

Сипас иштирокдорон озими шаҳри бостонии Истаравшан гардида, аз муассисаи давлатии  таълимии Лисеи касбии шаҳрӣ, ки таърихи 85-сола дорад ва намоиши маҳсули дасти толибилмони ин муассиса ва инчунин аз Қалъаи тозабунёди Муғ, ки дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ зимни сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Истаравшан ба истифода дода шуд, дидан намуданд.

30 июн иштирокчиёни фестивал дар шаҳри Исфара дар доираи Форум ва Намоишгоҳи байналмилалӣ дар барномаи калони фарҳангию ҳунарӣ ширкат намуда, ҳамзамон дар Осоишгоҳи «Зумрад» аз Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ дидан намуда, бо шароити хуби табобатию солимгардонӣ дар ин осоишгоҳи маъруф аз наздик шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар кори  Форуми байналмилалӣ намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, ҶДММ «Сафеддара», «Панҷакентинтур», Ширкати сайёҳии «КИТО»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Ширкати «Азиан голф тревел»-и Аморати муттаҳидаи Араб ва ҶСК Осоишгоҳи «Зумрад»-и Исфара ширкат намуда, баҳри густариши бештари ҳамкории судманди тарафайн зиёда аз 20 санади муфиди ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

1 июл иштирокчиёни фестивал озими шаҳри Хуҷанд- маркази маъмурии Суғд гардиданд, ки  меҳмононро дар даромадшгоҳи шаҳр сокинон ва намояндагони мақомоти маҳаллии вилоят ва шаҳри Хуҷанд бо самимият пешвоз гирифтанд.

Меҳмонон бо Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол», маҷмааи «Ҳавзи шиноварӣ», Осорхонаи вилоятии Суғд шинос шуда, бегоҳии ҳамон рӯз дар маҷмааи миллии «Оши палав» дастурхони идона ва қабули расмӣ аз номи раиси вилояти Суғд доир гардид.  Зимни мулоқоти кушод пешниҳод гардид, ки баҳри рушди бештари сайёҳии дохилӣ ва дар ин замина таҳкими дӯстӣ миёни сокинони манотиқи мухталифи кишвар ва муаррифии захираҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ, баргузории чунин фестивали минтақавӣ дар як сол як маротиба ба роҳ монда шавад.

2 июл дар назди маҷмааи таърихию фарҳангии Боғи Камоли Хуҷандӣ маросими гусели иштирокчиёни фестивал баргузор гардид.

Меҳмонон аз ин сафар бо як ҷаҳон таассуроти нек ба зодгоҳашон баргаштанд.

 

Июль 3, 2018 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ