«Рушди сайёҳӣ дар деҳот (дар мисоли Тоҷикистон)» -таҳти ин ном китоби пажӯҳишгари тоҷик дар Рига нашр шуд

Июль 2, 2018 15:54

 ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш китоби ассистенти кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ), докторанти PhD-и донишгоҳ Нилуфар Ақдодова бо номи «Рушди сайёҳӣ дар деҳот (дар мисоли Тоҷикистон)»  («Развитие туризма в сельской местности (на примере Таджикистана)»), «Development tourismin in rural areas on example of Tajikistan» (ба забони англисӣ) бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ба нашр расид.

Тавре котиби матбуоти ДДМИТ Машҳура Абдуллоева ба АМИТ «Ховар» хабар  дод, китоб дар бораи инкишоф додани сайёҳӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони зебоманзари мо мебошад. Тавре маълум аст, сайёҳӣ тиҷорати калон буда, ин бозор пайваста тавсеа меёбад. Аҳамияти сайёҳӣ барои иқтисодиёти миллӣ хеле муҳим аст, зеро он ба ғайр аз рушди субъект, инчунин барои болоравии сатҳи зиндагӣ ва даромади аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин соҳа ва соҳаҳои дигари хизматрасонии дахлдор мусоидат менамояд.

Дар китоб бартариятҳои сайёҳӣ барои рушди кишвар ва иқтисодиёт номбар шуда, болоравии даромади андоз ба буҷаи сатҳҳои гуногун, воридшавии асъори хориҷӣ ба мамлакат ва дар баробари ин таъмини рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нишон дода шудаанд. Инчунин барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон ва рушди соҳа чандин пешниҳодҳо оварда шудаанд.

Китоб барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷолиби сайёҳӣ дар байни  аҳолии англисзабон саҳм мегузорад.

 

 

 

Июль 2, 2018 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»