ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 июл, ҷумъа, 194-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
13 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо Тривелла мулоқот анҷом дода, масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
***
3 сол пеш, 13 июли соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Такур расман ифтитоҳ ёфт.
13 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
***
Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.
РӮЙДОДҲО:
13 июли соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.
***
13 июли соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.
***
7 сол пеш, 13 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 созишнома, аз ҷумла, Созишнома дар бораи маблағгузории «Лоиҳаи мустаҳкам намудани тартиби ҳифзи иҷтимоӣ» ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 1885 дар Амстердам Осорхонаи миллии Голландия ифтитоҳ ёфт.
***
13 июли соли 1923 Парлумони Англия фурӯши машруботи спиртиро ба шахсони аз 18 -сола поён манъ кард.
***
13 июли соли 1935 аввалин Созишномаи тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА ба имзо расид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1930 дар пойтахти Уругвай – шаҳри Монтевидео аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол оғоз гардида, 30 июл ба анҷом расид.
***
Соли 2001 пиразани 101-солаи австралиягӣ бо номи Эйми барои давидан ба масофаи 1500 метр рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ ин масофаро дар 19 дақиқаю 59 сония паси сар намуд.