ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 июл, cешанбе, 198-умин рӯзи соли 2018 аст

Июль 17, 2018 08:00

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

17 июли соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба итмом расидани сафари расмӣ дар Миср барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ ба Федератсияи Россия сафар карданд.

***

6 сол пеш, 17 июли соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Директори генералии вақти Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба Россия ва АвруОсиё Эллис Уэллс масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Америка, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои амнияту мудофиаро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд.

 

17 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии адолати судӣ-ҷиноятии байналмилалӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи таъсиси қувваҳои баҳрӣ, флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.

***

Дар Кореяи Ҷанубӣ- Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Лесото – Рӯзи шоҳ.

 

РӮЙДОДҲО:

17 июли соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҷаласаи идораи татбиқи Барномаи «Рушди фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот» баргузор гардид.

***

17 июли соли 1841 аввалин шумораи рӯзномаи ҳаҷвии англисии «Панҷ» ба нашр расидааст.

***

102 сол муқаддам, 17 июли соли 1976 дар Канада Бозиҳои XXI олимпии тобистона оғоз гардида, 1 август ба охир расиданд.

***

17 июли соли 1995 Иттиҳоди Аврупо бо Россия шартномаи тиҷоратӣ баст.

***

Дар ин рӯзи соли 1915 Германия ва Австрия бо Булғория оид ба ҳамкорӣ паймони пинҳонӣ бастанд.

***

17 июли соли 2013 дар Қазон маросими пӯшидашавии Мусобиқаи XXVII байналмилалии тобистона (Универсиада) доир гардид.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1775 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон беморхонаи ҳарбӣ таъсис дода шуд.

***

Соли 1994 Бразилия маротибаи чорум Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд.

Июль 17, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст