ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июл, панҷшанбе, 200-умин рӯзи соли 2018 аст

Июль 19, 2018 08:00

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

19 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ-Раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалларо ба ҳузур пазируфтанд.

***

2 сол қабл, 19 июли соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Россия Валерий Шантсев мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯз, 19 июли соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нави Қазоқистон, Ҳиндустон, Япония, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Полша, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия эътимоднома қабул намуданд.

 

19 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия -Рӯзи кормандони ҳуқуқи Вазорати корҳои дохилӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

19 июли соли 2010 дар шаҳри Монктони Канада Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук байни ҷавонон оғоз гардида буд, ки Тоҷикистонро дар он Галина Митяева намояндагӣ кард.

***

12 сол муқаддам, 19  июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе Маркази технологияи иттилоотӣ ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1928 Ҷумҳурии Чин ҳамаи шартномаҳои «ноадолатона»-ро бо давлатҳои Аврупо бекор карда буд.

***

19 июли соли 1952 Пезиденти Финляндия Юхо Паасикавӣ ба Бозиҳои XV тобистонаи олимпӣ расман оғоз бахшид.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1919 дар Лондон паради ҳарбӣ 21 соат идома ёфт.

***

Соли 1924 аввалин шумораи рӯзномаи «Красный спорт» нашр гардид.

Июль 19, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, чоршанбе, 35-умин рӯзи соли 2026 аст