ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июл, шанбе, 209-умин рӯзи соли 2018 аст

Июль 28, 2018 08:00

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

28 июли соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ гардиданд.

***

28 июли соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар карданд.

 

28 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гепатит.

***

Дар Перу – Рӯзи Истиқлолият.

 

РӮЙДОДҲО:

28 июли соли 2011  дар варзишгоҳи «Металлург»- и шаҳри Турсунзода  бозии ҷавобии даври дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.

***

28 июли соли 1868 Конститутсияи ИМА бори 14-ум бо тағйиру иловаҳо қабул гардид. Тибқи тағйироти воридгардидаи ҳамон сол, ҳар нафаре, ки дар ҳудуди ин кишвар таваллуд мешавад, ба ӯ шаҳрвандии ИМА дода мешуд.

***

90 сол муқаддам, 28 июли соли 1928 дар Амстердам бозиҳои IX тобистонаи олимпӣ оғоз гардиданд (12 август ба анҷом расиданд).

***

28 июли соли 1992  дар Афғонистон дар телевизион баромад кардани занон манъ карда шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

***

Соли 1978 Франсия санҷиши ядроӣ гузаронид.

Июль 28, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, сешанбе, 268-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, душанбе, 267-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, якшанбе, 266-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, шанбе, 265-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, ҷумъа, 264-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, панҷшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, чоршанбе, 262-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, сешанбе, 261-умин рӯзи соли 2024 аст