ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 июл, сешанбе, 212-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
31 июли соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба истифодаи пурраи саноатӣ супорида шуд.
***
5 сол пеш, 31 июли соли 2013 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия, аз ҷумла роҳҳои татбиқи босамари санадҳои қаблан имзошударо баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар карданд.
31 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи занони Африқо.
***
Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи падар.
РӮЙДОДҲО:
31 июл соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд.
***
31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистону Америка дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.
***
98 сол муқаддам, 31 июли соли 1920 Ҳизби коммунистии Британия Кабир таъсис дода шуд.
***
31 июли соли 1941 дар ИМА полиси ҳарбӣ ташкил гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1965 дар телевизионҳои Британияи Кабир рекламаи тамоку манъ карда шуд.
***
31 июли соли 1994 Шӯрои Амнияти СММ барои ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалӣ дар барқарорсозии сохтори конститутсионии Гаити иҷозат дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1961 ба Исроил муҳоҷири шумораи миллионум ворид шуд.
***
Соли 1971 ситорашиноси америкоӣ аввалин маротиба ба моҳ баромад.