ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июл, ҷумъа, 187-умин рӯзи соли 2018 аст

Июль 6, 2018 08:03

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

6 июли соли 2004 бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби вақти Раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ дар болои дарёи Панҷ дуюмин  пул ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст намуд.

***

9 сол пеш, 6 июли соли 2009 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари вақти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Америка, аз ҷумла, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсияро, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 зимни гуфтугӯи телефонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умед карда шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.

 6 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия.

***

Дар Лесото – Рӯзи оила.

 ***

Дар Қазоқистон — Рӯзи пойтахт.

РӮЙДОДҲО:

6 июли соли 2004 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хишти аввали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузошта шуд.

***

6 июли соли 1942 Аргентина дар бораи бетарафии худ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хабар дод.

***

73 сол пеш, 6 июли соли 1945 Никарагуа дар ҷаҳон аввалин мамлакате гардид, ки Хартияи СММ-ро тасдиқ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи  воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ» ба имзо расид.

***

6 июли соли 1863 дар Франсия калонтарин бонк бо номи«Credit Lyonnais» ба истифода дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе роҳандозӣ кард.

 

Июль 6, 2018 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст