ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июл, шанбе, 188-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
7 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулин баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 неругоҳи хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо доданд.
***
5 сол пеш, 7 июли соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дари худро ба рӯи ниёзмандон боз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар кард.
7 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷазираҳои Кайман – Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ.
***
Дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ.
РӮЙДОДҲО:
7 июли соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ бо маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.
***
7 июли соли 2016 дар Бишкек ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ баргузор гардид.
***
250 сол муқаддам, 7 июли соли 1754 дар Ню-Йорк Коллеҷи Шоҳ таъсис дода шуд, ки ҳоло ҳамчун Донишгоҳи Колумбия машҳур аст.
***
7 июли соли 1914 Парлумони Австрия барои муқобили Сербия оғоз намудани ҷанг қарор қабул намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1607 аввалин маротиба Суруди миллии Британияи Кабир «Худоё, Шоҳи (Маликаи) моро нигоҳ дор!» (God save our gracious Queen (King)!) садо дод.
***
7 июли соли 1993 дар Иёлати Висконсини Америка ғолибияти аз ҳама бештари маблағи лоторея ба қайд гирифта шуд, ки маблағи бурд 111 миллион доллари америкоиро ташкил дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1917 аввалин маротиба дар Парлумони Эстония интихобот сурат гирифтааст.
***
Соли 1972 аввалин бор ду зан ба сифати ҷосуси Маркази федералии ҷустуҷӯӣ савганд ёд кардаанд.