ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ МАКТАБИЁН: наврасону ҷавонон ҳунарҳои мардумиро меомӯзанд

Июль 19, 2018 09:15

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд   омӯзгор Мунаввара Ҳусейнова ба шогирдонаш аз нозукиҳои санъати атласбофӣ маҳорати касбӣ меомӯзонад. Яке аз шогирдон- хонандаи синфи 6-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Бӯстон Гулафруз Собирова бо шавқи беандоза ва маҳорати баланд супориши муаллимаро ҷиҳати дӯхтани матои атлас иҷро менамояд. Ӯ пайваста дар давраи таътили тобистона ба ин марказ омада, аз устодони ботаҷриба ҳунарҳои мардумӣ меомӯзад.

Ба иттилои манбаъ,  ҳайати мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои эҷодӣ, навоварию ихтироъкорӣ аз Маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дидан намуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамчунин  аз Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд боздид кард. Шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд низ дар ин муассиса дар давраи таътили тобистона ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ машғуланд. Дар ин ҷо  тамоми шароит барои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фароҳам оварда шудааст.

Толибилмон дар марказҳои мазкур нозукиҳои санъати адрасу атласбофӣ, гулдӯзӣ, тарроҳӣ (кашидани тарҳи либосу матоъҳо), наққошӣ, дуредгарӣ, заргарӣ ва ғайраҳоро аз устодони ботаҷриба меомӯзанд.

Бояд гуфт, ки  бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар марказҳои рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ наврасону чавонон ба омӯзиши анъанаи меросии ҳунарҳои миллӣ шуғл меварзанд.

Мавриди зикр аст, ки бо сиёсати наҷибона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар қалби наврасону ҷавонони мо бо ҳиссиёти баланд ҷой гирифтааст. Онҳо дар оянда бо аз худ намудани ҳунарҳои миллии мардумӣ санъати баланд ва фарҳанги мероси миллии мардуми тоҷикро  дар сатҳи баланд муаррифӣ менамоянд.

Июль 19, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ