ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, ҷумъа, 228-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
17 августи соли 2006 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
***
7 сол пеш, 17 августи соли 2011 дар ситод-қароргоҳи Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо яке аз унвонҳои олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо — Пешвои асри XXI сарфароз гардонида шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров суҳбати телефонӣ намуда, ӯро бо ҷашни 80- солагии зодрӯз табрику шодбош гуфта, барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ карданд.
17 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
***
Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
***
Дар Габон – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Индонезия – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
17 августи соли 1948 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
17 августи соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро даъват намуда, ба он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро барои баррасӣ пешниҳод намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1916 Руминия барои пайвастан бо Антанта розигӣ дод.
***
17 августи соли 1916 дар Олмон барои фурӯши гӯшт меъёр муқаррар карда шуд.
***
75 сол пеш, 17 августи соли 1943 Португалия ба Англия иҷозат дод, ки Ҷазираи Азорро ҳамчун пойгоҳи авиатсионӣ истифода барад.
***
17 августи соли 1959 собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ироқ барои сохтани реактори ҳастаӣ дар Ироқ шартнома ба имзо расонид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1858 аввалин маротиба миёни Америка ва Аврупо алоқаи телеграфӣ пайваст карда шуд.
***
Соли 1922 дар Ню-Йорк калонтарин толори рақсӣ дар таърихи ҷаҳон ифтитоҳ гардидааст.