Ҷаласаи навбатии Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ соли 2019 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ доир гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон, Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки иштирокчии бевоситаи ҷаласа буд, иттилоъ медиҳад, ки новобаста аз он, ки чунин ҷаласа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал баргузор мегардад, иштирокдорон ба ташкил ва баргузории он баҳои баланд доданд.
Дар рафти ҷаласаи Шӯро роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба рушди сайёҳии давлатҳо ибрози андеша намуда, баён доштанд, ки дар Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ тамоми шароитҳо, аз ҷумла инфрасохтори сайёҳӣ фароҳам оварда шудаааст, ки метавонад дар оянда Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои сайёҳии ҷаҳон муаррифӣ намояд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин иштирокдорон масоили такмили сохтори институтсионалии идоракунии соҳаи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, пешбурди маҳсулоти миллии сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Фаъолияти Шӯрои мазкур аз ҷониби иштирокдорон муҳим ва муфид арзёбӣ гардида, қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯро соли 2019 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор карда шавад.













Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






