Ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ ба кори худ оғоз кард

Август 10, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ таҳти раёсати Раиси  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғафорзода ба кори худ оғоз бахшид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласа хабар медиҳад, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла  Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон, Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Ба иттилои номбурда, дар ҷаласа масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар ИДМ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда, густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои кишварҳои ИДМ, омода намудани хатсайрҳои минтақавӣ ва дигар масъалаҳои рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Август 10, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид