Дар пойтахти Тоҷикистон Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 мавриди татбиқ қарор дода мешавад

Август 24, 2018 08:38

ДУШАНБЕ, 24.08.2018./АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  «Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2020» ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он  тасдиқ  гардид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод  мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд,  Барномаи мазкур  бо мақсади иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 -2020», инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе қабул гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар асоси  қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе  вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур дар соли 2018 67 000 (шасту ҳафт ҳазор) сомонӣ ва дар таҳияи буҷети солҳои минбаъда маблағи заруриро дар буҷети шаҳри Душанбе пешбинӣ намояд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи қарори мазкур,  шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи  ин Барнома  муқаррар шуда,  бояд  ҳар нимсола доир ба корҳои анҷомшуда гузориши муфассал манзур намояд.

Ёдовар мешавем, ки  бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат  ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт 18 -19 августи соли равон   дар пойтахти  мамлакат нахустин бор Фестивали тобистонаи Душанбе «Dushanbe Summer Fest» дар сатҳи баланд баргузор  гардид.

 

Дар Фестивали мазкур гурӯҳи  ҳавонавардон  (воздухоплавателей)  аз Кумитаи сайёҳии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд. Аз ҷониби  гурӯҳи мазкур доир ба тарзи истифода ва парвози пуфакҳои ҳавоӣ  машғулиятҳои омӯзишӣ   гузаронида шуд. Сипас   чанд адад  пуфакҳои ҳавоӣ  ба  фазо   сар  дода шуданд.

Дар Фестивал инчунин барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла, барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо»  ва   консерт бо иштироки ҳунарнамоии  санъаткорони машҳури мамлакат доир гардид.

Дар Фестивал  ҳамчунин барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, таҳти унвони «Ғизои болаззат»  хӯрок ва дигар маҳсулоти  миллиро  ба намоиш ва  фурӯш гузошта шуда буданд.

Сокинон ва меҳмони пойтахт  дар ин Фестивал фаъолона иштирок намуда,  аз  он таасссуроти нек  бардоштанд.

Август 24, 2018 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд