«ДАР ТОҶИКИСТОН БА РУШДИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ТАВАҶҶУҲИ ХОСА ДОДА МЕШАВАД». Дар ин бора муовини аввали Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев зимни ҷаласаи клуби матбуотии байналмилалӣ дар Тошканд изҳор дошт

Август 3, 2018 14:35

ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз дар Тоҷикистон ба рушди забони ӯзбекӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Дар кишвар беш аз 260 мактаби ӯзбекӣ фаъолият мекунад. Дар донишгоҳҳо ҳамчунин кафедраҳо барои тайёр кардани муаллимони забон ва адабиёти ӯзбек мавҷуданд», — изҳор дошт муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев зимни ҷаласаи клуби матбуотии байналмилалӣ дар Тошканд. Дар ин бора мухбири махсуси АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА, ки ба Ҳайати дӯстии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон шомил мебошад, хабар медиҳад.

Р. Мирбобоев инчунин зикр кард, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон мактабҳои ӯзбекӣ ҳеҷ гоҳ баста нашудаанд ва то ҳол фаъолият доранд.

«Чанде пеш барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ адабиёти таълимӣ бо забони ӯзбекӣ таҳия гардид, ки дар ояндаи наздик ба нашр хоҳад расид», — афзуд муовини аввали Вазири маориф ва илм.

Бино ба иттилои агентии иттилоотии «Podrobno.uz», коршиносоне, ки дар ҷаласаи мазкур иштирок доштанд, зикр намуданд, ки халқҳои ӯзбеку тоҷик қариб ки яканд, вале бо забонҳои гуногун сухан мекунанд. Муносибатҳои халқҳои ӯзбеку тоҷик воқеияти нав нест, ки дирӯз ё имрӯз пайдо шуда бошад. Дар ҳақиқат тайи асрҳо муносибатҳои маънавӣ, динӣ ва фарҳангии ниёгонамон ба ҳам пайванд буданд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар вақтҳои охир муносибатҳо миёни ҳарду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Созишҳои мутақобилан судманд ба даст омаданд, ҳамкории дуҷониба босуръат рушд меёбад, боздидҳои ҳайатҳои доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар роҳандозӣ мешаванд, инчунин робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ густариш меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли гузашта дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон ва 10-14 октябри худи ҳамон сол Рӯзҳои фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор шуданд. Дар айни ҳол Ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад.

Август 3, 2018 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид