Экспедитсияи байналмилалии куҳнавардӣ ҷиҳати фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ пагоҳ анҷом меёбад
ДУШАНБЕ, 24.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моҳҳои июл-август Экспедитсияи байналмилалии куҳнавардӣ ҷиҳати фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ доир карда шуд. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар экспедимтсияи мазкур 125 нафар кӯҳнавардон аз 20 давлати дунё, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Полша, Испания, Британияи Кабир, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Белорусия, Украина, Германия, Италия, Туркия, Чин, Юнон, Мексика, Франсия, Шведсия, Дания ва Австрия ширкат намуданд.
Қобили зикр аст, ки Қуллаи Исмоили Сомони (собиқ қуллаи «Коммунизм») 7495 метр баландӣ дошта, баландтарин қуллаи кӯҳӣ дар қаламрави ИДМ маҳсуб меёбад.
Тибқи барномаи Экспедитсия пагоҳ, 25 август, маросими ҷамъбасти Экспедитсия баргузор гардида, дар ноҳияҳои Лахш ва Рашт иштирокчиёни ин чорабиниро масъулини мақомот ва сокинони минтақа истиқбол менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи кишварҳое қарор дорад, ки метавонад аз намуди сайёҳии куҳӣ даромади зиёд ба даст орад, зеро 93%-и қаламрави мамлакатро куҳсор ташкил медиҳад.
Дар ин замина, бо ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардидааст, дар мавзеъҳои куҳии барои сайёҳон ҷолиб меҳмонхонаҳои хурд дар асоси манзилҳои истиқоматии деҳотӣ, татбиқ гашта истодааст.
Ҳамзамон, аксари сайёҳони куҳнавард тавассути дучарха, автомобилҳои куҳгард ташриф меоранд, ки зимни будубош аз хизматрасонии тарабхонаву ошхона, меҳмонхона, сӯзишворӣ ва нақлиёт истифода менамоянд. Ин омил барои таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.









Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






