Экстремизму терроризм ҷавҳари ғайриинсониашро ҳаргиз дигар намекунад,- вокуниши аҳли зиёи вилояти Хатлон ба ҳодисаи нангини куштори сайёҳон

Август 1, 2018 08:35

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аҳли зиёи вилояти Хатлон аз ҳодисаи нангине, ки бо сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амал омад, сахт дар изтироб буда, онро қотеъона маҳкум менамоянд. Дар вокуниши онҳо, ки матни он имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид, чунин омадааст:

Кулли мардуми вилояти Хатлон аз ин амал дар ғазаб омада, аз рух додани он барои тарбияи чунин фарзандони нохалаф сархам гаштааст. Афсуси он модаре, ки ин ҳайвонтабиатҳоро ба дунё овард, афсуси ин сарзамин, ки ин нохалафҳоро дар домани худ тарбия намуд. Заҳр бошад он шире, ки модар ба ин хиёнаткорон дод.

Ин амали ғайриинсониро мо барои худ нанг ҳисобида, андӯҳгин аз он ҳастем, ки нафаре чанд аз ҷавонони гумроҳи номусгумкарда ба васвасаи шайтонии хоҷагони худ дода шуда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ ва фарҳангӣ, аз қабили инсонгароӣ ва меҳмондӯстиро, ки миллати сарбаланди тоҷик дорад, зери по карда, қасди ҷони нафарони бегуноҳ кардаанд.

Ин амал моро бори дигар ҳушдор дод, ки экстремизму терроризм қудрати зиндамонӣ дар дилхоҳ муҳитро дошта, ҷавҳари ғайриинсониашро ҳаргиз дигар намекунад. Аз ҳама аламовараш он аст, ки саркардагони он дастпарварони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом буда, омодагӣ ва омӯзишҳоро таҳти мақсадҳои пардапӯшонаи ин ҳизби хиёнаткор дар кишварҳои бегона гузашта, бо амалӣ гӯшношид чеҳраи манфури худро ба ҷомеа нишон доданд.

Ин нохалафон имрӯз берун аз кишвар даъвои ватандорӣ карда, дар дохили кишвар гумоштагонашон ба амалҳои ҷоҳилона даст зада, обрӯи давлату миллатро паст мезананд. Имрӯз мо бори дигар бовар ҳосил кардем, ки ин ҳизби хоин дар ҷомеаи мо аз байн рафта бошад ҳам, ҳанӯз пасмондаҳояш ҳамчун оризаҳои бемории хатарнок боқӣ мондаанд.

Боварии кас намеояд, ки ҷаҳолат то он дараҷа фарогири ин аз худобаргаштаҳо шудааст, ки дар рӯзи равшан дар шароите, ки атроф пур аз шоҳидон буд, ба чунин амали касифонаи худ даст зада, ба обрӯи миллат дар назди бегонагон латма заданд.

Дар шароите, ки Пешвои миллат бо талошҳои шабонарӯзии худ кӯшиш менамояд, то Тоҷикистонро ҷаҳониён шиносанду, тоҷикро ҳамчун миллат эътироф намоянд. Мутаассифона, чунин кӯрнамакҳо бо як амали ноҷавонмардона ва беномусонаи худ ин ҳамаро халалдор мекунанд.

Ин амали нангин шаҳодати он аст, ки раванди тарбияи фарзанд  дар замони имрӯза қотеият ва ҷиддиятро тақозо намуда, мутаассифона, на ҳамаи падару модарон ин хусусиятро ба инобат мегиранд. Ин аст, ки амали чанд нохалафе боиси сархамӣ ва хиҷолати аҳли ҷомеа мегардад.

Медонем, ки ягон тасаллию дилбардорӣ таскини дарди наздикони фавтидагон намегардад, вале мавқеи худро нисбат ба ин ҳодиса қотеъона муайян намуданро қарзи инсонии худ медонем ва ба наздикони онҳо изҳори тасаллияти худро баён менамоем. Мо мутмаинем, ки боқимондаҳои ин хоинон аз руйи қонун ҷазои сазовори худро мегиранд.

Август 1, 2018 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон