ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
ДУШАНБЕ, 01.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи ҷаҳонии бонуфузи сайёҳӣ «Lonely Planet» Тоҷикистонро ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» (Best in Travel 2026) ворид карда, кишвари моро ҳамчун яке аз самтҳои беҳтарин барои гардишгарӣ ва саёҳат дар муҳити кӯҳсор тавсия додааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Нашрияи ҷаҳонии пешқадами сайёҳӣ «Lonely Planet» хабар медиҳад.
Дар бахше таҳти унвони «Hike and wild camping in Tajikistan», нашрияи «Lonely Planet» ба сайёҳон тавсия медиҳад, ки аз манзараҳои пуразамати кӯҳӣ, табиати софу беғубор ва меҳмоннавозии истиқоматкунандагони маҳаллӣ, ки саёҳати онҳоро дар Тоҷикистон ба як саёҳати воқеан ҳаяҷонбахш табдил медиҳад, баҳра баранд.
Маҷаллаи солонаи «Best in Travel» аз ҷониби «Lonely Planet» яке аз манбаъҳои бонуфузтарин дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Он аз ҷониби дастаи таҳриргарон, коршиносон ва сайёҳони таҷрибадор таҳия гардида, беҳтарин самтҳо ва таҷрибаҳои беназирро аз саросари ҷаҳон интихоб мекунанд.
Нашрия «Lonely Planet» тақрибан 6 миллион нусхаро дар бар мегирад, ки ин нишондиҳанда ҳузур ва нуфузи васеи онро дар соҳаи рӯзноманигории сайёҳӣ таъкид менамояд. Саҳифаи марбут ба Тоҷикистон инчунин тавассути порталҳои байналмилалӣ, аз ҷумла CNN, ба таври васеъ нашр шуд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба иқтидори сайёҳии мамлакат ҷалб мекунад.
Ворид шудани Тоҷикистон ба феҳристи 25 таҷрибаи фаромӯшнашавандаи сайёҳии соли 2026 далели эътирофи мансубияти нотакрор ба захираҳои табиӣ ва фарҳангии кишвар аст. Ин баҳогузорӣ собит месозад, ки Тоҷикистон ҳамчун самти ояндадор барои сайёҳии байналмилалӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.
Ин дастоварди муҳим на танҳо ба сарватҳои табиӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик ишора шуда, балки ба кӯшишҳои давлат низ, ки дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҳимояи мероси фарҳангӣ ва рушди устувории соҳа равона шудаанд, арҷ мегузорад.
Эътирофи байналмилалӣ аз ҷониби «Lonely Planet» ва гузоришҳои васеъ дар расонаҳои пешрафта ба таҳкими нуфузи Тоҷикистон ҳамчун самти бехатар ва ҷолиби сайёҳон дар саросари ҷаҳон мусоидат менамоянд.
Рӯйхати пурраи таҷрибаҳои беҳтарин дар соли 2026 дар сомонаи «Lonely Planet» дастрас аст.
АКС: «Lonely Planet»








Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






