Иштирокдорони пресс-тур аз боғҳои ангури ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сайри байналмилалӣ (пресс-тури Душанбе) журналистони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нимаи дуюми имрӯз аз боғҳои шаҳдбори ангур дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода боздид ба амал оварданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни шиносоии меҳмонон иттилоъ медиҳад, таваҷҷуҳи журналистонро беш аз ҳама ангурбоғи деҳқони муътабари ҷумҳурӣ, роҳбари Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», Неъматулло Усмонов ҷалб намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар ҳудуди 100 гектар доман паҳн кардааст. Дар токзори хоҷагии деҳқонии мазкур ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш меёбанд.
Ангурҳои боғи мазкур бо маззаву тамъ ва намуди чашмбар то моҳи декабр дар шохҳои ток нигоҳдорӣ мешаванд. Ғайр аз ин барои тару тоза нигоҳ доштани ангур дар ҳудуди ин хоҷагии деҳқонӣ сардхона барои 600 тонна маҳсулот сохта шудааст.
Дар баробари парвариши навъҳои гуногуни ангур деҳқонони Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ҳамчунин ба парвариши дарахтони гуногуни себ (12 намуд) ва гулҳои ороишӣ, ки аз минтақаҳои мухталифи олам оварда шудаанд, машғул аст.
Барои омӯхтани таҷрибаи истеҳсолии Неъматулло Усмонов дар ҳудуди хоҷагӣ филиали кафедра меваю сабзавот ва токпарварии факултети боғдории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият мекунад.
Журналистон, ки аз тамошои токзори Ҳоҷӣ Неъмат ба ваҷд омада буданд, ба роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бо саволҳои гуногун муроҷиат карда, ба хулосае омаданд, ки боғҳои Тоҷикистон, меваҳои шаҳдбори он, хусусан ангурҳои водии Ҳисор ҷузъе аз саноати сайёҳӣ мебошанд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»













«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






