Изҳороти Кумитаи рушди сайёҳӣ: «Амали нангини террористон наметавонад ба ташрифи сайёҳон монеа эҷод кунад»
ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба АМИТ «Ховар» изҳороти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расид, ки дар он куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷануби кишварамон қотеона маҳкум карда шудааст. Матни изҳорот чунин аст:
Имрӯз фазо дар Тоҷикистон барои ташрифи сайёҳон ва гаштугузори онҳо дар минтақаҳои мамлакат хеле мусоид аст. Ҳодисае, ки рухдод, аз ҷониби гурӯҳи кории салоҳиятнок аз ҳисоби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прократураи генералӣ, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст, дар муддати кутоҳтарин пурра кушода шуда, ҷинояткорон қисман нобуд ва қисми онҳо дастгир карда шуданд. Тафтишот идома дошта, таҳти назорати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Тавре аз расонаҳои хабарӣ маълум гардид, амали ин ҷинояти ваҳшиёнаро гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба уҳда гирифтааст.
Кумитаи рушди сайёҳӣ ин амали нангинро шадидан маҳкум намуда, ба хешу таборони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва тассалият менамояд ва номаи тасаллияти Кумита ба наздикону хешовандони фавтидагон расонида шуд.
Имрӯз иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ва шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб намудааст ва ин ҳодисаи нангин, ки аз ҷониби ҷавонони тундрав амалӣ карда шуд, наметавонад меҳмоннавозии тоҷиконаро халалдор созад ва барои ташрифи меҳмонону сайёҳон монеа эҷод кунад.
Дар баробари ин аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи сайёҳию экологии милитсия таъсис дода шуда, фаъолияти он пурра барои таъмини амнияти сайёҳон равона карда мешавад.
Имрӯз мулоқоти роҳбарияти ин ниҳоди навтаъсис бо роҳбарияти Кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ доир гардида, ҳамкориҳои муфид баҳри таъмини бехатарии сайёҳон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд.
Имрӯзҳо тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар ин ҳошия шароитҳои боз ҳам хубтару беҳтар баҳри будубоши сайёҳон омода карда мешавад.
Дар баробари ин Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид, ки қадами устувор дар роҳи рушди сайёҳӣ дар мамлакат аст.
Стратегия вазъи кунунии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои рушди соҳа то соли 2030, самтҳои стратегии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо фарогирии шаклҳои сайёҳӣ, маркетинг ва тарғибот, ба роҳ мондани фурӯш, нигоҳ доштани тамос бо муштариён, нақлиёту сарҳадот ва раводид, иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар минтақаҳоиҷумҳуриро дарбаргирифта, низоми мониторинг ва арзёбии татбиқи босамари стратегия муқаррар карда шудааст.
Стратегияи мазкур заминаи ташаккули нақшаҳо ва роҳнамо ҷиҳати густариши соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб рафта, дар он мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири кишвар, кулу чашмаҳои обҳои мусаффо ва шифобахш, ҳайвоноту растаниҳои нодир, имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ омили асосии рушди сайёҳии кишвар эътироф шудааст.
Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он 4-солиро дар бар мегирад, амалӣ карда мешавад.
Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва ягон қувваи нохалаф наметавонад дар ин роҳ монеа эҷод намояд.