Намояндагон-хабарнигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ аз Қалъаи Ҳисор ва боғҳои шаҳдбори ангур дидан мекунанд

Август 11, 2018 11:06

ДУШАНБЕ, 11.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи баргузории  ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ рӯзҳои 10-11 августи соли равон бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сайру сайёҳат — пресс-тур ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода  ташкил карда мешавад. Субҳи имрӯз намояндагони ВАО-и кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор сафар карданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар», ки ин гурӯҳи рӯзноманигоронро ҳамроҳӣ мекунад, хабар дод, зимни боздид аз ин макони тамошобоб меҳмонон бо таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ошно шуда, боз як бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, чеҳраҳои оламшумули он бо бозёфту осори нодири худ дар пешрафти маданияти халқҳои гуногуни дунё нақши муҳим бозидааст.

Ҳангоми тамошои ин макони сайёҳиву таърихӣ, ки зери роҳбаладии масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, оид ба таърихи бунёди Қалъаи Ҳисор ва давраҳои гуногуни он маълумоти зарурӣ пайдо намуданд. Тамошои ин мавзеи таърихии кишвар ба рӯзноманигорон таассуроти зиёд бахшид.

 

Ба иттилои манбаъ, ба меҳмонон тартиби қабулу гусели сайёҳон, пешниҳод намудани ҷойҳои истироҳатӣ, ҳамчунин намунаи ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дирӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз ҳамоиши мазкур муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, баррасии мушкилоти мавҷуда, муҳокимаи масъалаҳои муҳими соҳа, роҳҳои тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо дар ин бахш, омӯзиши таҷрибаи судманд маънидод карда шуд.

Тибқи нақша нимаи дуюми рӯз меҳмонон аз боғҳои ангури ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода боздид карда, бо навъҳои гуногуни ангур, ки дар водии Ҳисор парвариш карда мешавад, шинос мегарданд.

 

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 11, 2018 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ