Озмуни «Беҳтарин муаррифи мавзеъҳои сайёҳӣ» оғоз гардид

Август 16, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади муаррифии маконҳои сайёҳии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин муаррифи мавзеъҳои сайёҳӣ»-ро эълон менамояд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Илҳомҷон Ҳамидов хабар дод.

Ба иттилои ҳамсуҳбат, озмуни «Беҳтарин муаррифи мавзеъҳои сайёҳӣ» дар ду номгӯ — «Аккоси беҳтарин» ва «Наққоши беҳтарин» баргузор  гардида, дар он беҳтарин аксҳо ва мусаввараҳои иштирокчиён, ки мавзеъҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд, баъди коркарди масъулини ташкилот дар саҳифаи фейсбукии ТҶҶ «Созандагони Ватан»- Ватансоз» ҷой карда шуда, мавриди баҳогузории истифодабарандагон қарор дода мешаванд.

«Аксу мусаввараҳое, ки ба истифодабарандагони шабакаи Фейсбук бештар писанд меоянд (яъне, шумораи зиёди «like», «нравиться» ва ё «маъқул»-ро ҷамъ меоваранд), ғолиби озмун дониста мешаванд. Ҳамчунин аксҳо ва мусаввараҳо аз тарафи комиссияи тадорукотӣ низ баҳогузорӣ мешаванд»,-зикр намуд Илҳомҷон Ҳамидов.

Нафароне, ки хоҳиши дар озмун иштирок намуданро доранд, аксу мусаввараҳои худро метавонанд ба ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ё ба суроғаи электронии sozandagon.tj@mail.ru  ирсол намоянд.

Озмун моҳи декабри соли 2018 ҷамъбаст мегардад.

Август 16, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ