«СИПОСГУЗОРЕМ!». Шуъбачаи сайёҳии милитсияи ВКД мушкили шаҳрванди ИМА-ро фавран ҳал намуд

Август 9, 2018 08:11

ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Ман аз таъсис ёфтани шуъбачаи сайёҳии милитсия дар Тоҷикистон бисёр хурсанд шудам ва шоҳид гардидам, ки онҳо ба кумаки шаҳрвандони хориҷӣ фавран расидагӣ намуда, мушкилоти онҳоро ҳал мекунанд».

Ин нуктаро шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка Матю Пушел, ки ҳамроҳи оилааш ва кӯдаки хурдсолаш бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаву ҳамён ва ҳуҷҷатҳои худро дар дохили автомашинаи сабукрави таксӣ фаромуш намуда, бо кумаки кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ пайдо кардааст, зикр намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ   хабар доданд, шаҳрванди ИМА Матю Пушел, ки ҳамроҳи  завҷа ва кӯдаки хурдсолаш бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, дар дохили автомашинаи сабукрави таксӣ, тамғаи «ДЭУ-ЛАНОС», рақами қайди давлатиаш 5027 ЕМ 01 РТ, таҳти идораи ронанда Муҳаммад Изатуллоев ҳамён ва ҳуҷҷатҳои худро фаромуш мекунад.

Номбурда дар дар  буриши кӯчаҳои Рӯдакӣ-Теҳрони шаҳри Душанбе   ба чор тараф давида, чӣ кор кардани худро намедонад. Дар ин вақт автомашинаи «Шуъбачаи сайёҳии милитсия»-и Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилиро дида, ба онҳо муроҷиат мекунад ва асли воқеаро мефаҳмонад.

Кормандони шуъбачаи сайёҳӣ онҳоро фавран ба Маркази «Шаҳри бехатар» оварда, автомашинаи таксиро пайдо  мекунанд ва  дар муддати кӯтоҳ ҳамён ва ҳуҷҷатҳои ӯро бармегардонанд.

Чӣ тавре, ки Матю Пушел дар суҳбат изҳор доштааст: «Ин хатогии худам буд, ки ҳамён ва ҳуҷҷатҳоямро дар таксӣ фаромуш кардам ва ҳеҷ боварӣ надоштам, ки онҳоро меёбам. Вале бо кумаку дастгирии кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсия онҳоро дар дар муддати 20 дақиқа ёфтам. Бовар мекунед, вақте онҳоро ба ман баргардониданд, ман аз хурсандӣ ашк рехтам, чунки гум кардани онҳо барои ман як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Зеро  бо аҳли оилаам пагоҳ бояд ба Америка баргардем. Мо барои сафар чипта харида, омодагӣ мегирифтем»,- гуфтааст ӯ.

Сипас, сайёҳи хориҷӣ Матю Пушел изҳор намуд, ки ин маротибаи дуюм аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамошо меояд ва таассуроти худро чунин иброз намуд: «Ман ба шаҳрҳои Исфара, Бохтар, Хуҷанд ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон бо мақсади сайёҳӣ сафар намуда, аз меҳмоннавозӣ, обу ҳаво ва табиати зебои Тоҷикистон лаззат бурдам ва ба ваҷд омадам. Мардуми тоҷик бисёр мардуми хубу бофарҳанг ва меҳмоннавоз ҳастанд ва ман дар бораи онҳо, сулҳу субот, тинҷию амонӣ ва табиати дилпазири Тоҷикистон ҳатман ба ҳамватанон ва ёру дӯстонам нақл мекунам.

Матю Пушел ҳамчунин изҳор намуд, ки аз таъсис ёфтани шуъбачаи сайёҳии милитсия дар Тоҷикистон бисёр хурсанд шудааст ва дар таҷрибаи худ дид, ки  нозирони ин сохтор  ба кумаки шаҳрвандони хориҷӣ фавран расидагӣ намуда, мушкилоти онҳоро ҳал мекунанд. «Ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ барои таъсис додани полиси сайёҳӣ изҳори сипос менамоям», — гуфт ӯ.

Бояд зикр намуд, ки шуъбачаи сайёҳии милитсия бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти корҳои дохилӣ нав таъсис ёфта, дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият менамояд. Кормандони шуъбачаи мазкур бо якчанд забони хориҷӣ озодона муошират намуда, мутахассиси соҳаи худ мебошанд.

Вазифаҳои онҳо аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳони хориҷӣ, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кумак расонидан ва ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳо ва содир гардидани ҷиноят нисбат ба сайёҳон иборат аст.

Ҳамчунин, агар лозим шавад, бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.

Август 9, 2018 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид