ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, ҷумъа, 222-юмин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
10 августи соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.
***
10 августи соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар мавзӯъҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак ва беамон аллайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
10 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.
***
Дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
10 августи соли 1956 дар вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) шаҳри Чкалов таъсис дода шудааст, ки ҳоло ба шаҳри Бӯстон тағйири ном кард.
***
10 августи соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
***
Дар ин рӯзи соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар истиқомат мекарданд.
***
10 августи соли 1899 дар Россия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.
***
94 сол муқаддам, 10 августи соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Германия бардошта шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1926 миёни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расид.
***
10 августи соли 1949 аввалин маротиба дар Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1997 дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.
***
Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.