ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, шанбе, 223-юмин рӯзи соли 2018 аст

Август 11, 2018 08:00

 

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

11 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарфармондеҳи вақти Ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА Ҷон Абузайд масъалаҳои минтақа ва Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба рафти амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд.

***

7 сол пеш, 11 августи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.

 

11 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Чад –Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонон.

***

Дар Латвия – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон барои озодӣ

 

РӮЙДОДҲО:

11 августи соли 1937 Палатаи давлатии китоби Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд.

***

14 сол пеш, 11 августи соли 2004 дар шаҳри Душанбе бинои нави Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

11 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе намоиши байналмилалии таҳсилотии Ҷумҳурии Беларус  баргузор гардид.

***

3 сол пеш, 11 августи соли 2015 Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

11 августи соли 1792  дар Франсия Кумитаи инқилобӣ таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1831 дар натиҷаи тӯфон дар Барбадос 15 ҳазор нафар қурбон гардиданд.

***

11 августи соли 1980 Ангола Конститутсияи худро дар таҳрири нав қабул кард.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1984 дар давраи ниҳоии мусобиқаи футбол дар доираи Бозиҳои олимпии Лос Анҷелос тими Франсия тими Бразилияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

***

Соли 1877  ситорашиноси америкоӣ Асаф Ҳолл (Asaph Hall) ду моҳвораи навро бо номҳои Марса — Фобос ва Деймос кашф намуд.

Август 11, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, якшанбе, 259-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, шанбе, 258-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, ҷумъа, 257-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, панҷшанбе, 256-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, чоршанбе, 255-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, сешанбе, 254-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, душанбе, 253-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, якшанбе, 252-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, шанбе, 251-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 250-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, панҷшанбе, 249-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, сешанбе, 247-умин рӯзи соли 2024 аст