ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, панҷшанбе, 227-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
16 августи соли 2008 масоили ҳамкории гуногунҷанбаи вақт ва ояндаи Тоҷикистону Германия баррасӣ шуданд.
***
7 сол пеш, 16 августи соли 2011 дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорон ба номи Тутишо Назришоев, ки бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
16 августи соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини вақти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), муовини мудири Барномаи рушди СММ Ребека Гринспанро ба ҳузур пазируфтанд. Ребека Гринспан, аз ҷумла изҳор дошт: «Мо пешсафию пешоҳангии Шумо, муҳтарам Президент ва кишвари шуморо дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола бори дигар таъйид менамоем, зеро Шумо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба рушд, хусусан дар соҳаи об пешвоед».
16 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Парагвай –Рӯзи кӯдакон.
***
Дар Доминикан – Рӯзи эҳёи ҷумҳурӣ.
РӮЙДОДҲО:
16 августи соли 1857 дар Канада ба маҳбас кашидани қарздорон бекор карда шуд.
***
Зиёда аз як аср муқаддам, 16 августи соли 1906 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Чили зиёда аз 1 ҳазору 500 нафар ба ҳалокат расида, 100 ҳазор нафар бесарпаноҳ монданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1924 миёни Нидерландия ва Туркия Созишномаи сулҳ ба имзо расид.
***
16 августи соли 1936 дар шаҳри Берлини Олмон бозиҳои XI тобистонаи олимпӣ ба анҷом расиданд (1 август оғоз гардида буданд).
***
16 августи соли 1960 Академияи байналмилалии кайҳоннавардӣ таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1930 аввалин филми тасвирии овоздор ва ранга ба навор гирифта шуд.
***
Соли 1998 дар Лондон калонтарин макарон истеҳсол шудааст, ки зиёда аз 270 килограмм вазн дошт.