ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведов масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва робитаҳои минтақавию дӯстии ду давлатро баррасӣ карданд.
***
3 сол пеш, 18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа авзои вақт ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуда, дар ҳамон ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир карданд.
18 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб.
***
Дар Қазоқистон –Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ.
***
Дар Австралия- Рӯзи собиқадорони Ветнам.
РӮЙДОДҲО:
18 августи соли 1965 Экспедитсияи археологии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар саргаҳи дарёи Зарафшон ба кор оғоз кард.
***
18 августи соли 2010 масоили ҳамкории вақт ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баррасӣ шуданд.
***
3 сол пеш, 18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
***
18 августи соли 1700 дар Шветсия баъди гуфтушунид Копенгаген, Дания ва Шветсия шартномаи сеҷонибаи сулҳро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1855 Ватикан назорати соҳаи маориф ва бақайдгирии ақди никоҳро дар Вена пурра ба зиммаи худ гирифт.
***
103 сол пеш, 18 августи соли 1914 ИМА нисбат ба ҷанги Белгия бо Германия бетарафии худро эълон кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1965 вертолёти Ка-26 аввалин маротиба парвоз анҷом дод.
***
Соли 1973 бостоншиносони америкоӣ дар Юнон далелеро пайдо карданд, ки ҳанӯз 750 сол пеш аз замони мо инсоният ба баҳр баромадааст.