ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
30 августи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои тантанавии ба истифода супурдани нақби «Озодӣ» («Шар-шар») ва оғози навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара иштирок намуданд.
***
7 сол пеш, 30 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки яке баландтаринҳо дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.
30 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Қазоқистон –Рӯзи конститутсия.
***
Дар Тотористон – Рӯзи ҷумҳурӣ.
***
Дар Туркия — Рӯзи ғалаба.
РӮЙДОДҲО:
30 августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза — «Об, муҳити зист ва амният» баргузор гардид.
***
30 августи соли 2013 дар иҷлосияи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори якҷоя оид ба баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон қабул гардид, ки он 6 ноябри соли 2013 дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
***
8 сол пеш, 30 августи соли 2010 дар Тоҷикистон рӯзномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Азия—Плюс» нашрашро дар як ҳафта ду маротиба-рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монд.
***
Дар ин рӯзи соли 1969 дар поп-фестивали байналмилалии иёлоти Техаси ИМА 120 ҳазор нафар ҷамъ омаданд.
***
45 сол муқаддам, 30 августи соли 1973 дар Кения шикори фил манъ карда шуд.
***
30 августи соли 1974 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Югославия зиёда аз 150 нафар ба ҳалокат расиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2013 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аввалин Форуми байналмилалӣ- иқтисодии «Имкониятҳои сармоягузории рушди Помир» баргузор гардид.
***
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе нахустин боғчаи байналмилалии «Малика» ифтитоҳ ёфт.