ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, шанбе, 216-умин рӯзи соли 2018 аст

Август 4, 2018 08:00

 

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

4 августи соли 2011 дар шаҳри Истаравшан дар Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Оби Зулол» бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

4 августи соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои ободонӣ ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, ҳамчунин бо корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Франсия Протокол оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо маблағи 27 миллион евро ба имзо расид.

 

4 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил.

***

Дар Украина –Рӯзи милитсияи миллӣ.

***

Дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия.

 

РӮЙДОДҲО:

4 августи соли 2009 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиши байналмилалии «Рушди энергетикаи Афғонистон» баргузор гардид.

***

4 августи соли 1870 аввалин мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Олмон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1942 дар Канада дар фурӯши чой ва қаҳва маҳдудият ҷорӣ карда шуд.

***

55 сол қабл аз ин, 4 августи соли 1963 Бонки рушди Африқо таъсис ёфтааст.

***

4 августи соли 1993 Парлумони Молдова оид ба ворид шудани ин кишвар ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳалнома қабул кард.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1944 аввалин санҷиши ҳавопаймоҳои реактивии Англия — Gloster Meteor гузаронида шуд.

***

Соли 1976 дар Лондон аввалин мусобиқаи чирчирак миёни дастаҳои занона баргузор гардид.

Август 4, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, шанбе, 293-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, ҷумъа, 292-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, панҷшанбе, 291-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, чоршанбе, 290-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, сешанбе, 289-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, душанбе, 288-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, якшанбе, 287-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, шанбе, 286-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, ҷумъа, 285-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, панҷшанбе, 284-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, чоршанбе, 283-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, сешанбе, 282-юмин рӯзи соли 2024 аст