ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, панҷшанбе, 221-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
9 августи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид иштирок намуданд.
***
7 сол пеш, 9 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон маркази Минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор гардид.
9 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.
***
Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.
***
Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.
***
Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.
РӮЙДОДҲО:
9 августи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.
***
9 августи соли 2008 масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.
***
9 августи соли 2007 дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонӣ FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд.
***
125 сол муқаддам, 9 августи соли 1893 Бонки миллии Италия таъсис дода шуд.
***
9 августи соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия 6 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1968 Конгресси ИМА Раёсати савдои ин кишварро дастур дод, ки масъалаи ҷорӣ намудани системаи метриро омӯзад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Япония бомбаи атомӣ партофта шуд.
***
Соли 1992 дар Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.