ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САЙЁҲОН. Дар ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода суҳбат намуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Амнияти сайёҳони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон пурра таъмин аст ва онҳо метавонанд аз ҳар гӯшаи табиати зебову дилрабои Тоҷикистони азиз дидан кунанд». Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршеди ҲАМДАМ баён намуд.
Дар ин суҳбат Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки «ҳодисае, ки 29 июли соли равон ба амал омад, яъне ҳамлаи ноҷавонмардона ба чанд тан аз сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон халали ҷиддӣ ворид накард. Сайёҳон хуб дарк мекунанд, ки барои ҷинояткорон марзу бум, миллату мазҳаб ва дигар арзишҳо қадру қиммат надоранд. Онҳо дар кадом гӯшаи дунё, ки набошанд, ба хотири ғаразҳои нопокашон аз ягон разилӣ рӯ намегардонанд. Имрӯз ягон сайёҳ сафарашро ба Тоҷикистон қатъ накарадааст. Сафари сайёҳон тибқи нақша ҷараён дорад. Ҳама ширкатҳои шарики ватанӣ, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, иброз доштанд, ки ҳодисаи мазкур ба барномаҳои онҳо дар заминаи сафар ба Тоҷикистон халале ворид накардааст».
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки вобаста ба ҳодисаи охир аз ҷониби гурӯҳи салоҳиятноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, дар кӯтоҳтарин муҳлат ин ҷиноят пурра ошкору ҷинояткорон дастгир ва қисман нобуд карда шуданд. Бояд зикр кард, ки аз ҷониби ВКД ҶТ шуъбачаи нави сайёҳӣ таъсис дода шуд ва мулоқоти раҳбарияти ин шуъбача бо раҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ташкил гардид. Ҳамкорӣ ва робитаи мустақим миёни ин шуъбача ва ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда шуд, ки минбаъд кормандони он дар хизмати сайёҳон хоҳанд буд. Ҳар дархосте, ки аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ мешавад, ҳаллу фасл мегардад. Ин боз ҳам эътимоди сайёҳонро зиёдтар кард, минбаъд ҳар як муроҷиат ба таври фаврӣ пайгирӣ ва ҳаллу фасл карда мешавад. Ҳатто худи сайёҳон иброз намуданд, ки ҳодисаи охир барои сафари онҳо ба Тоҷикистон монеа намешавад.
Н.Абуғаффорзода илова кард, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон барои рушди сайёҳӣ ва таъмини амнияти сайёҳон як қатор санадҳо, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия намуд. Қонуни мазкур дар баробари рушди сайёҳӣ, инчунин барои амнияти сайёҳон муқаррароти мушаххасро пешбинӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки 1 август бори нахуст «Барномаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои то соли 2030» қабул гардид ва ин санади муҳим ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард. Стратагияи мазкур вазъи кунунии соҳаи мазкур ва имкониятҳои рушди сайёҳиро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дарбар мегирад ва низоми мониторингии он муқаррар шудааст.
Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он чор солро дарбар мегирад, амалӣ карда шуда, яке аз қисматҳои он ба ҳимояи ҳуқуқи сайёҳон ва таъмини амнияти онҳо дар ҷумҳурӣ равона гардидааст.
«Сафари сайёҳон ба ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст. Дар шаш моҳи аввали соли равон, дар маҷмӯъ, 950 ҳазор хориҷиён ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 маротиба зиёд аст. Дар ин давра ҷуғрофияи ташрифи сайёҳон васеъ гардида, аз 135 мамлакати дунё ба Тоҷикистон сайёҳон ташриф оварданд. Дар ин давра 53 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуд ва онҳо ба бозори сайёҳии ҷумҳурӣ ворид шуданд. Беҳбуди вазъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзҳои 10-11 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории ин нишаст омодагии ҳамаҷониба гирифтааст. Пас аз анҷоми ҷаласа меҳмонон аз маконҳои тамошобоби Тоҷикистон дидан хоҳанд кард», — зикр намуд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абуғаффорзода.








Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад






