«ҲУНАРМАНДОНИ МАРДУМӢ». Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов дар бораи ҳунарҳои мардумии сарзамини Хатлон китоб навишт

Август 25, 2018 12:09

ДУШАНБЕ, 25.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳунармандони мардумӣ»- таҳти чунин ном бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ китоби нави сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов ба табъ расид.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, асари нав дар бораи  ҳунармандони мардумии вилояти Хатлон ба хонанда маълумот медиҳад.

«Дар замони истиқлол имконият пайдо гашт, ки тамоми ҳунарҳои мардумӣ рушд намоянд, мисли табақтарошӣ, сандуқсозӣ, чумчаҳои урфӣ, сохтани асбобу анҷоми сафолӣ, бозичаҳои сафоливу чӯбиву латтагӣ акнун аз нав эҳё гардиданд», -омадааст дар сароғози китоб.

Бояд зикр намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ дар баробари ба санъат дохил шуданашон, ҳамчун қисми ёрирасон дар хоҷагии халқ истифода бурда мешаванд. Ҳамаи ин ба таври анъанавӣ аз давраи қадим то ба имрӯз, аз авлод ба авлод, аз бобою бибӣ ба набераҳо мерос мондаанд.

Ин китоб бозгӯи ҳунарҳои мардумии сарзамини Хатлон буда, барои насли навраси имрӯзу фардо имкон медиҳад, ки аз нозукиҳои касбу ҳунари аҷдодӣ бохабар бошанд.

Август 25, 2018 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ