Журналистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» баҳои баланд доданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Журналистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» баҳои баланд доданд. Агарчи дарвозаи Қалъаи Ҳисор умри 500-сола дошта бошад ҳам, пойдевори он таърихи зиёда аз 3 ҳазорсоларо дар худ ниҳон дорад. Аз ин макон аслиҳаи даврони санг пайдо гардидааст.
Тавре иттилоъ дода будем, роҳбарони вазорату кумитаҳои сайёҳии мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якҷо бо журналистони агентиҳои иттилоотии давлатиии кишварҳои ИДМ бо фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» шинос шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар», ки ин гурӯҳи рӯзноманигоронро ҳамроҳӣ мекунад, хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ на танҳо бо деворҳои Қалъаи Ҳисор, балки бо арк ва майдонҳои он, хона, майдони машқи сарбозон ва аспони онҳо шинос шуданд.
Онҳо ҳамчунин аз нигораҳои Осорхонаи таърихии водии Ҳисор дидан карданд. Сайёҳон ҳамчунин бо сохтмон ва меъмории биноҳои Масҷиди сангӣ, Мақбараи Махсуми Аъзам аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Барои сайёҳон дидани маъракаи домодию арӯсии сокинони шаҳри Ҳисор писанд омад. Дар саҳни Қалъаи Ҳисор ҳамарӯза даҳҳо ҷуфти хушбахт тӯйи домодиву арӯсӣ барпо намуда, бо карнаю сурнай шодию хурсандӣ мекунанд. Ин низ яке аз роҳҳои ҷалби таваҷҷуҳи меҳмонон ба Қалъаи Ҳисор маънидод карда шуд.
Фурӯши армуғонҳои гуногун, зардӯзиҳо, тоқӣ ва рӯймолҳои дӯхти тоҷикона яке аз самтҳои дигари фаъолияти Қалъаи Ҳисор муаррифӣ карда шуд.
Бино ба гуфтаи директори Осорхонаи таърихии водии Ҳисор Зикрулло Ҷобиров танҳо дар шаш моҳи соли равон зиёда аз 100 ҳазор нафар меҳмонону сайёҳон аз Қалъаи Ҳисор боздид намудаанд, ки аз ин шумора 10 ҳазор нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Директори Департамент оид ба сайёҳии Ҷумҳурии Беларус Андрей Молчан мулоҳизаҳои худро оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуда, аз ҷумла гуфт: «Мундариҷаи маълумотномаи роҳбалади Қалъаи Ҳисор Акмал Ҳайдаров аз ҷиҳати таърихӣ хеле ҷолиб мебошад».
Воқеан ҳам дар Қалъаи Ҳисор меҳмонон бо таърихи сеҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шуда, осори таърихии даврони Аморати Бухоро, Бекигариҳои Аморат дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, сарнавишти талхи Амир Олимхон, ки шаш моҳ дар Қалъаи Ҳисор иқомат карда, сипас ба Афғонистон фирор намудааст, шинос шуда, ғизои маънавӣ бардоштад.
Бо ҳамин тартиб журналистони ИДМ ба фаъолияти сайёҳии Муассисаи давлатии «Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор» баҳои баланд доданд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»


















«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






