Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд ва ин муҷиби ифтихори ҳамаи мост!

Сентябрь 12, 2018 18:44

ДУШАНБЕ, 12.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре имрӯз хабар додем, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF ) пазируфта шуд. Маросими супоридани шаҳодатномаи узвияти шаҳри Душанбе ба ин созмони бонуфуз 8 сентябр дар Саммити навбатии WTCF, ки аз 7 то 9 сентябр дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии мардумии Чин доир гашт, баргузор гардид.

 Аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»   дар бораи тафсилоти ин хабар чунин гуфтанд:

-Боиси фараҳмандӣ ва мӯҷиби ифтихори ҳамаи мост, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбӣ ва ҷолиб арзёбӣ гардида, мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст.

Бо ибтикор ва ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи муаррифии таърихи пурғановати меъмориву шаҳрсозӣ, иқтидорҳои сайёҳӣ, табиати дилфиреб, обу чашмаҳои тоза ва гиёҳҳои нодири шифобахш бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ба узвияти Федератсияи Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Туристӣ (WTCF) пазируфта шуд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони як қатор кишварҳои ҷаҳон, коршиносони байналмилалии соҳаи сайёҳӣ, олимон, намояндагони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Дар ин ҳамоиши байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ карда, рӯзи 8 сентябр маросими расмии супоридани шаҳодатномаи узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) баргузор гардид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли равон бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ яке аз чунин ташкилотҳои бонуфузи соҳаи сайёҳӣ буда, раёсати Федератсияро шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш мебарад. Зиёда аз 130 шаҳрҳои дунё ва 70 узви институтсионалӣ аз ҳисоби ширкатҳои калони сайёҳӣ, ассосиатсияҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо шомили Федератсияи мазкур мебошанд.

Федератсия дар самти гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сайёҳӣ, баргузор намудани омўзишҳо ва машваратҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа, ташкили намоишгоҳҳои сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳрҳо ва дар маҷмӯъ вобаста ба рушди сайёҳӣ дар шаҳрҳои хурду калон имкониятҳои калон дошта, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.

Узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) ба муаррифӣ гардидани имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориҳоро бо Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ  (WTCF) ба роҳ монда истодааст.

Шаҳри Душанбе хонаи умеди тоҷикони дунё буда, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро торафт ҷалб намуда истодааст. Шаҳрҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммалбуда, тули солҳои охир ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфт ва дар таҳкиму тақвият бахшидани нуфузи байналмилалии Ватанамон нақши бузург дорад.

Сентябрь 12, 2018 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад