МАҶЛИСИ ОЛӢ: Имрӯз дар «Хониши парлумонӣ» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди назари вакилон қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 04.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» дар «Хониши парлумонӣ», ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдуҷаббор Азизӣ доир гардид, мавриди назар қарор гирифт.
А. Азизӣ зикр кард, ки 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия аз 1 сентябри соли 2018 зиёд карда шавад.
Бо ин мақсад барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 14 августи соли 2018 ба тавсиб расид, ки аз ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Дар «Хониши парлумонӣ» роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, аз ҷумла, Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзидин Қаҳҳорзода ва муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Назокат Одиназода ибрози назар намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






