«Рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсия доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таҳти унвони «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Иштирокдорони он иброз намуданд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва амну субот барои сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ гардида, симои он чун давлати дорои захираҳои бойи сайёҳӣ шинохта шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳамоишро муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода оғоз намуда, оид ба дастовардҳои назарраси соҳаи сайёҳии кишвар, ки бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ ба миён омадаанд, маълумот дод.
Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Диловар Қодирзода перомуни арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои беназири миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ, муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам оид ба аҳамияту манзалати сулҳу ваҳдати кишвар ва истиқлолияти миллӣ изхори андеша намуданд.
Роҳбари Шӯрои рушди туризми Тоҷикистон Давлат Ҳабибов дар мавзӯи «Имкониятҳо ва шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон», мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Фазлиддин Қодиров дар мавзӯи «Рушди омодакунии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» маърӯза намуданд.
Зикр шуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар кишвар ба инкишофи соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Марҳилаҳои рушду инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ бештар аз устувор гардонидани таваҷҷуҳи хосса ва танзими давлатии фаъолияти сайёҳӣ дар кишвар вобаста мебошанд. Соҳаи сайёҳӣ дар кишвар яке аз соҳаҳои афзалиятноку даромаднок буда, аз ин ҳисоб маблағҳои зиёд ба буҷаи давлат ворид гардида, барои рушди иқтисодиёти мамлакат пурсамар истифода бурда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хеле калон дорад ва ин имкониятҳо давоми солҳои охир шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро ҷалб карда истодаанд.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






