ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, душанбе, 253-юмин рӯзи соли 2018 аст
10 сентябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои тантанавии ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд иштирок намуданд.
***
10 сол пеш, 10 сентябри соли 2008 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент дар доираи тантанаҳои 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маросими расмии ба истифода додани мақбараи ӯ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии аввалин китоби 4-ҷилдаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» бо забони ҳиндӣ доир карда шуд.
10 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Литва – Рӯзи пойтахт.
***
Дар Чин – Рӯзи муаллимон.
РӮЙДОДҲО:
10 сентябри соли 2008 дар дафтари Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорони минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба инъикоси масъалаҳои савдо видеоконфронс доир карда шуд.
***
10 сентябри соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба маносибати 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон намоишгоҳи аксҳои наворбардор ва суратгири машҳури тоҷик, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон, академики Академияи рассомии Тоҷикистон Заур Дахте баргузор гардид.
***
124 сол пеш, 10 сентябри соли 1894 дар Лондон аввалин ронанда барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин ҷарима карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1964 қӯшунҳои СММ бо мақсади қатъи муноқишаҳо миёни ҷамъиятҳои юнониҳою туркҳо ба Кипр фуруд омаданд.
***
10 сентябри соли 1972 дар Мюнхен Бозиҳои ХХ тобистонаи олимпӣ, ки 26 августи ҳамон сол оғоз гардиданд, ба охир расиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Бизнес-форуми истеҳсолкунандагони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир ва ҳамкор баргузор гардид.
***
Соли 1940 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шиносномаҳо ба шаҳрвандон дода шуданд.
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад